Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як покистонӣ бо бомб дар сафорати Амрико


Додгоҳи Чилӣ ҳукми дар зиндони зиддитеррор нигоҳ доштани покистониеро, ки дар сафорати Амрико дар Сантягон бо як бастаи маводи мунфаҷира дастгир шуд, содир кард.
Муҳаммад Сайфурраҳмонхони 28-сола рӯзи душанбе замоне дастгир шуд, ки детекторҳои сафорат вуҷуди маводи мунфаҷира дар бадани ӯро ошкор карданд. Дирӯз ҳукми боздошти ӯ то 5 рӯзи дигар тамдид карда шуд, вале то ҳол алайҳи ин покистонӣ иттиҳоми расмие эълон нашудааст.
Ӯ дирӯз дар сӯҳбати кӯтоҳе бо хабарнигорон “террорист” буданашро радд кард ва гуфт, бо ягон навъ бомб рабт надорад.
XS
SM
MD
LG