Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати як сарбози румин дар Афғонистон


Мақомоти низомии Руминия ҳалокати як сарбози ин кишвар зимни ифои вазифа дар Афғонистонро таъйид карданд. Вазорати дифоъи Руминия гуфт, ин сарбоз субҳи имрӯз бар асари таркишӯи минаи зиддинафар ҷароҳатҳои зиёд бардошт ва дар бемористони пойгоҳи низомии Лағмон даргузашт.
То кунун дар Афғонистон 13 сарбози Руминия кушта шуданд. Руминия дар Афғонистон феълан 1123 сарбоз дошта, мехоҳад то моҳи сентябр шумори нирӯҳояш дар он кишвари ҷангзадаро ба 1800 нафар бирасонад.
XS
SM
MD
LG