Суқути ҳавопаймои мусофирбар дар Либия беш аз 100 кушта ба ҷо гузошт. Ширкати “Африқия Эйрвейз” гуфт, ҳавопаймои “Airbus A330”, ки аз шаҳри Йоҳаннесбурги Африқои ҷанубӣ парвоз мекард ва 104 сарнишин дошт, ҳангоми нишастан дар фурудгоҳи Триполӣ, пойтахти Либия суқут кард, вале иллати сониҳа ҳанӯз рӯшан нест. Мусофирони ҳавопаймо аз кишварҳои мухталиф, аз ҷумла аз Бритониё ва аз Африқои ҷанубӣ будаанд.
Бино ба ахбори ҳанӯз расман тасдиқношуда, як кӯдаки ҳолландӣ аз ин сониҳа ҷони солим ба дар овардааст.
Бино ба ахбори ҳанӯз расман тасдиқношуда, як кӯдаки ҳолландӣ аз ин сониҳа ҷони солим ба дар овардааст.