Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камерон ба ташкили кобина шурӯъ мекунад


Девид Камерон дар нахустин рӯзи нишастанаш ба курсии сарвазирии Бритониё ба ташкили кобинаи худ шурӯъ мекунад.
Аммо ҳизби муҳофизакори ӯ бо вуҷуди пешсафӣ дар интихоботи ҳафтаи гузашта натавонист аксари курсиҳои парлумонро ба даст биорад. Девид Камерон дар нахустин суханрониаш ба ҳайси сарвазир эълон кард, ки мехоҳад бо ҳизби либерал-демократ, ки дар интихобот баъд аз ҳизби кор мақоми севвумро касб кард, ҳукумати эътилофӣ бисозад: “Ман мехоҳам миёни муҳофизакорон ва либерал-демократҳо як эътилофи муносиб ва комил ташкил диҳам. Ман мутмаинам, ки роҳи дурусти таъмини кишвар бо як ҳукумати хубу собит ва шоистае, ки ба назари ман, мо ба он сахт зарурат дорем, ҳамин аст.”
Таъйини Камерон ба ин мақом баёнгари баъд аз 13 соли таваққуф дубора ба сари қудрат баргаштани ҳизби муҳофизакор аст. Девид Камерон ҳамагӣ 43 сол дошта, ҷавонтарин сарвазири Бритониё дар тақрибан 200 соли охир маҳсуб мешавад.
Дирӯз Гордон Браун аз мақоми сарвазирӣ истеъфо дод. Ҳизби кори ӯ аз соли 1997 дар сари қудрат буд.
Ин нахустин ҳукумати эътилофӣ дар тӯли 70 соли охири таърихи Бритониёст ва раҳбари ҳизби либерал-демократ Ник Клегг дар кобинаи Кемерон мақоми муовини сарвазирро касб хоҳад кард.
Куммиссиюни Аврупо бо табрики Девид Камерон бо мақоми сарвазирӣ хостори посухи муштарак ба чолишҳои иқтисодӣ шуд. Ҳизби муҳофизакор нисбат ба ҳизби коргар ба масоили ИА алоқамандии камтар нишон медиҳад. Раҳбарони Амрикову Фаронсаву Олмон низ Камеронро бо мақоми раҳбарии давлати Бритониё табрик гуфтаанд.
XS
SM
MD
LG