Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозии ниҳоии Ҷоми Аврупо байни "Атлетико" ва "Фулҳем"


Шоми имрӯз дар варзишгоҳи Ҳамбурги Олмон тими “Фулҳем”-и Инглистон бо “Атлетико”-и Мадрид, пойтахти Испания дар бозии ниҳоии Ҷоми Аврупо вориди рақобат хоҳанд шуд. Ҷоми Аврупо ҷойгузини Ҷоми УЕФА буда, имсол барои нахустин бор баргузор мешавад. “Фулҳем” дар тӯли таърихи 131-солааш барои бори аввал ба даври ниҳоии чунин мусобиқоти қораӣ роҳ ёфта, то расидан ба ин марҳала тимҳои пуровозае, чун “Рома”-ву “Ювентус”-и Итолиё, “Волфсбург”-и Олмон, охирин барандаи Ҷоми УЕФА “Шахтёр”-и Донетск ва ҳам “Ҳамбург”, мизбони расмии бозии ниҳоиро шикаст дод.
Вале бо ин вуҷуд шонси бештари пирӯзӣ дар бозии ниҳоиро ба “Атлетико” медиҳанд, ки то кунун дафъа 9 барандаи ё Ҷом ваё қаҳрамонии Испания шуда, ҳафтаи оянда дар бозии ниҳоии Ҷоми имсолаи Испания бо “Севиля” рақобат хоҳад кард. “Атлетико” дар бозии ниманиҳоии Ҷоми Аврупо бо шарофати тӯбҳои задаи ҳамлагари уругваияш Диего Форлан “Ливерпул”, аз тимҳои дар гузашта тавонманди Инглистонро шикаст дод. Умеди асосии “Атлетико” дар рақобат бо “Фулҳем” низ рӯи бозии Форлан аст.
XS
SM
MD
LG