Пайвандҳои дастрасӣ

Чин масъалаи қарз барои тарҳи Чормағзакро меомӯзад


Вазорати нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон ба хабаргузории “Авасто” гуфт, “Эксимбонк”-и Чин мавзӯъи ироаи қарз ба манзури иҷрои тарҳи бунёди нақби Чормағзакро ба омӯзиш гирифтааст. Нақби Чормағзак баъд аз нақби Шаршар, ки низ бо кӯмаки Чин ва тавассути ширкати чиноии “Чайна Роуд” эҳдос шуд, нақби дуввум дар шоҳроҳи Душанбе –Кӯлоб маҳсуб мешавад. Тӯли нақби Чормағзак 4,4 километр ва ҳазинаи сохтанаш 64 миллион доллар баровар шудааст. “Чайна Роуд” феълан масъулияти сохтани нақби беш аз 5-километрии Шаҳристон дар шимоли Тоҷикистонро низ бар ӯҳда дорад.
XS
SM
MD
LG