Пайвандҳои дастрасӣ

Сафорати Русия низ иддаои Онишенкоро радд кард


Сафорати Русия дар Душанбе изҳор дошт, ки дар пайи бурузи бемории полиомелит, ё худ фалаҷи кӯдак, дар роҳи хуруҷи атфоли атбоъи Русия аз Тоҷикистон ягон маҳдудият эҷод нашудааст. Қаблан раиси идораи Роспотребнадзор Геннадий Онишенко иддао карда буд, ки мақомоти Душанбе тарки ин кишвар кардани атфоли хурдсоли Русияро манъ кардаанд.
Қаблан вазорати хориҷаи Тоҷикистон низ ин иддаои Онишенкоро радд карда буд.
Роспотребнадзор қаблан ба ҳамин далели шуйюъи полиомелит сафари атфоли то 5-сола аз Тоҷикистон ба Русия ва ҳамин тавр, воридоти чормағзу меваи хушк аз Тоҷикистонро манъ карда буд. Онишенко аз он шаҳрвандони Русия, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд, даъват кард, ки аз ин кишвар берун бираванд.
XS
SM
MD
LG