Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири дифоъи Эрон имрӯз ба Тоҷикистон меояд


Вазири дифоъи Эрон Аҳмади Воҳидӣ имрӯз бо як сафари дурӯза вориди Тоҷикистон мешавад. Зимни ин сафар мулоқоти ҳайъати Эрон бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири дифоъи ин кишвар Шералӣ Хайруллоев дар назар аст.
Гуфта мешавад, ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар соҳоти низомӣ мавзӯъи аслии ин музокирот хоҳад буд.
Аҳмади Воҳидӣ тайи як ҳафтаи охир дуввумин мақоми баландпояи Эрон аст, ки аз Тоҷикистон дидан мекунад. Дар ҳафтаи гузашта зимни боздиди муовини вазири хориҷаи Эрон Ҳасани Қашқовӣ аз Душанбе пешниҳоди Теҳрон ҷиҳати лағви низоми раводид миёни ду кишвар баррасӣ шуд. Вале ҷониби Тоҷикистон пешниҳоди лағви билкулли раводидро напазируфт.
XS
SM
MD
LG