Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдураҳим Холиқов раиси кумитаи дин таъйин шуд


Ҳукумати Тоҷикистон бо судури як фармон Абдураҳим Холиқовро раиси кумитаи дубора эҳёшудаи дини назди ҳукумат таъйин кард. Оқои Холиқов то кунун мудири бахши замонатҳои конститутсионӣ дар дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ буд. Муовини ҳамакнун собиқи вазири фарҳанг Мавлон Мухторов муовини раиси Кумитаи дин таъйин шудааст.
Аз поёни соли 2006 ва то моҳи марти соли ҷорӣ умури дин ба дасти як раёсати вижаи вазорати фарҳанги Тоҷикистон супурда шуда буд. Раҳбарии ин идораро дар вазорати фарҳанг Идибек Зиёев бар ӯҳда дошт, ки акнун сабукдӯш шудааст.
XS
SM
MD
LG