Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аҳмади Воҳидӣ, вазири дифои Эрон, имрӯз дар раъси як ҳайати баландпояи низомии кишвараш вориди Тоҷикистон мешавад. Боздиди ин ҳайат аз Тоҷикистон ду рӯз идома мекунад ва он бо Эмомалӣ Раҳмон низ вомехӯрад.

Мувофиқи барномаи сафар генерал Воҳидӣ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва бо ҳамтои тоҷики худ Шералӣ Хайруллоев мулоқот хоҳад кард. Ҳамчунин ҷиҳати густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши низомӣ гуфтугушуниди ҳайатҳои вазорати дифои Тоҷикистону Эрон сурат хоҳад гирифт.

Дар ҷараёни ин вохуриҳо маҷмӯи масъалаҳои мавриди алоқаи ду ҷониб дар бахши ҳамкориҳои ҳарбӣ ва низомию фании Тоҷикистону Эрон баррасӣ карда хоҳанд шуд.

Дар як ҳафтаи ахир ин дуввумин ҳайати баландпояи Эрон аст, ки аз Тоҷикистон дидан мекунад.

Собиқаи ҳамкориҳои низомӣ

Собиқаи ҳамкориҳои низомӣ ва низомиву техникии Эрон ва Тоҷикистон ба соли 1997 бар мегардад. Аз он сол то кунун Эрон дар омӯзиш додани кадрҳои низомии тоҷик, муҷаҳазсозии техникии нерӯҳои мусаллаҳ ва таъминоти артиши навпои Тоҷикистон кӯмак кардааст.

Аз ҷумла, бо мусоидати Эрон корхонаи таҳиякунии либоси низомӣ барои сарбозону афсарони артиши Тоҷикистон роҳандоӣ шуда ва даҳҳо мутахассисони тоҷик дар муассисаҳои таълимии Эрон омӯзиш дидаанд.

Тоҷикистон ва Эрон якдигарро шакирони табиӣ унвон мекунанд.

Дар ҳафтаи гузашта таҳти раёсати муовини вазири корҳои хориҷии Эрон Ҳасан Қашқовӣ як ҳайати ҳукумати ин кишвар барои баррасии имкони лағви низоми раводид миёни ду кишвар ба Душанбе омада буд.

Аммо дар мавриди лағви раводид шаҳрвандӣ миёни ду кишвар тавофуқ ҳосил нашуд. Ду ҷониб танҳо барои додани раводиди сесола барои сармоягузорон ва раводиди яксола барои донишҷуён ба тавофуқ даст ёфтанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG