Пайвандҳои дастрасӣ

Элизабети 2, Маликаи Британия Дэвид Камерон, раиси Ҳизби муҳофизакори кишварро нахуствазири Британия таъин кард. Ҳизби муҳофизакор дар интихоботи порлумонии ҳафтаи гузашта бештари курсиҳоро ба даст овард.

Камерон ба Малика гуфт, мехоҳад бо Ҳизби либерал-демокарат, ки дар интихобот мақоми севвумро касб кардааст, ҳукумати эътилофӣ ташкил диҳад.

Ӯ гуфт: "Ман ният дорам, як эътлофи комилу корои Муҳофизакорон ва Либерал-Демокроатҳоро ташкил диҳам. Ман бовар дорам, ки ин роҳи дурусти рӯи кор овардини ҳукумати қавиву собит ва муносиб дар кишвар аст, ки мо ба он хеле ниёз дорем".

Нахуствазири нави Британия гуфт, ки чун эътлоф ҳукумат кардан "кори душворе" хоҳад буд, вале афзуд, Британия ба масъалаҳои ҷиддии иқтисодӣ рӯ ба рӯст, ки бояд бо онҳо дасту панҷа нарм кард. Камерон 43 сол дорад ва дар давоми 200 соли ахир ҷавонтарин нахуствазири Британия мебошад.

Бозгашт ба қудтар баъди 13 сол

Гордон Браун дирӯз аз мақоми нахуствазирӣ истеъфо дод. Ба ин тариқ, ҳокимияти 13-солаи Ҳизби Коргар ба поён расид ва мукҳофизакорон баъд аз 13 сол дубора ба сари қудрат баргаштанд.

Мақомоти Ҳизби Муҳофизакор мегӯянд, ки собиқ раиси ҳизби онҳо Виллиям Ҳейг дар ҳукумати нав мақоми вазири корҳои хориҷаро бар ӯҳда хоҳад дошт.

Ҷеорҷ Осборн, муттҳиди наздики нахуствазир Камерон вазири мақоми вазири молияро бар ӯҳда хоҳад гирифт. Ба гуфтаи мақмоти расмии Ҳизби муҳофизакор, Ник Клегг, раиси Ҳизби либерал-демократ муовини нахуствазир хоҳад буд.

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ба Камерон занг зад ва вайро бо дарёфти мақоми нахуствазирӣ табрик гуфт. Вай гуфт, ки Амрико бо Британия муносиботи вижа хоҳанд дошт. Обама аз Камерон даъват кард, ки моҳи июл аз Амрико боздид кунад.

Камерон ҳамчунин аз Ангела Меркел, нахуствазири Олмон ва Никола Саркозӣ, раиси ҷумҳури Фаронса низ зангҳои шодбошӣ дарёфт кард.
XS
SM
MD
LG