Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз Обама дар Кохи Сафед бо Карзай мулоқот мекунад


Қарор аст, имрӯз Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар Кохи Сафед бо Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон дидор ва гуфтугӯ кунад. Ҳомид Карзай барои боздиди чаҳоррӯза дар Амрико қарор дорад ва ҳадаф аз ин боздид беҳбуди муосиботи Афғонистон бо Амрикост. Рӯзи сешанбе Карзай дар Вошингтон дар бемористони низомӣ бо сарбозони амрикоӣ, ки дар Афғонистон ҷароҳат бардоштаанд, мулоқот ва ба онҳо барои хидматашон изҳори сипос кард. Ҳилларӣ Клинтон-вазири хориҷа ва Роберт Гейтс-вазири дифоъ бо аъзои ҳайати афғонӣ мулоқот карданд. Онҳо қавл доданд, ки Амрико Афғонистонро танҳо нахоҳад гузошт.
XS
SM
MD
LG