Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон ҳам аз полиомелит ба ҳарос афтод


Хабаргузории РИА Новости иттилоъ додааст, ки ба сабаби пайдоиши бемории фалаҷи кӯдак ё полиомелит дар Тоҷикистон Қазоқистон назорати беҳдоштиро ташдид бахшидааст. Дар ин бора дафтари матбуотии вазорати беҳдошти Қазоқистон хабар додааст. Тибқи ин хабар, дар Тоҷикистон 236 мавриди бемории фалаҷи кӯдак мушоҳида шудааст ва 13 нафари онҳо аз ин беморӣ даргузаштаанд. Қазоқистон, ба вижа, назорат дар марзҳоро тақвият мебахшад ва ба ҷустуҷӯи кӯдаконе афтодааст, ки то сини панҷсолагӣ аз бемории полиомелит эм нагирифтаанд.
XS
SM
MD
LG