Пайвандҳои дастрасӣ

Ӯзбакистон вагонҳои бештарро иҷозаи ҳаракат додааст


Хабарнигори радиои Озодӣ дар Қурғонтеппа иттилоъ медиҳад, ки 67 вагони ҳомили орду гандум ва беш аз 100 вагони тахтаву равғани Тоҷикистон, ки дар қаламрави Ӯзбакистон нигоҳ дошта мешуд, ба шаҳри Қурғонтеппа расидааст. Бо вуҷуди ин, Саидҷон Ёдгорӣ-муовини раиси хадамоти ҳамлу нақли роҳи оҳани вилояти Хатлон гуфтааст, то ҳол 800 вагони дагари ин вилоят дар қаламрави Ӯзбакистон нигоҳ дошта мешавад. Дар ин вагонҳо молу колоҳои ширкатҳои давлативу хусусӣ бор карда шудаанд.
XS
SM
MD
LG