Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози осебдидагони селоб дар назди шаҳрдории Кӯлоб


Дирӯз даҳҳо нафар дар назди шаҳрдории Кӯлоб даст ба эътироз заданд ва гуфтанд, бо гузашти 5 рӯз аз резиши селоби шадид ва аз даст додани дороиву манозилашон то ҳол касе ба доди онҳо нарасидааст ва кӯмаке аз ҷое дарёфт накардаанд. Мақомоти шаҳрдории Кӯлоб ва гурӯҳҳои муттаадиди кӯмак ба осебдидагон гуфтаанд, ки то ҳол феҳристи осебдидагон комилан таҳия нашудааст ва онҳо наметавонанд кӯмакҳоро тақсим кунанд. Манобеи хабарӣ мегӯянд, ки кӯмакҳои созмонҳои байналмиллалии имдод ба минтақаи Кӯлоб интиқол дода шудааст ва онро то ҳол дар амборҳо нигоҳ медоранд. Дар ҳамин ҳол раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон дастур додааст, ки номаи дархости кӯмак аз кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмиллалиро омода кунад. Ин дархост аз номи ҳукумати Тоҷикистон пахш мешавад.
XS
SM
MD
LG