Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Фаронса қатъномаи манъи рӯсарӣ ба тасвиб расид


Намояндагони порламони Фаронса ба иттифоқи оро қатъномаеро ба тасвиб расонданд, ки пӯшидани рӯсарии занонаро мухолифи усули озодӣ, баробарӣ ва хешовандӣ дар ин кишвар медонад. Аз 434 намояндаи пороламон касе ба ин қатънома мухолифат накард. Бад-ин тариқ қатънома дар бораи пешнависи қонун пӯшидани рӯсарӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар кӯчаву хиёбонҳоро мамнӯъ медонад. Ҳатто як намояндаи порламон занони ҳиҷобпӯшро ба "пантом" ва ба "тобути муҳаррик" ё ҳаракаткунанда қиёс кард. Онҳо аз тамоми ҷаҳониён дархост карданд, ки рӯсарӣ мамнӯъ эълон шавад. Тарҳи ин қонун 19-ӯми май ба кобинаи вазирон пешниҳод мешавад. Дар Белгия-ҳамсояи Фаронса низ тарҳи чунин қонун омода мешавад.
XS
SM
MD
LG