Пайвандҳои дастрасӣ

Шумораи қурбониёни кони Распадская ба 52 нафар расид


Мақомоти умури изтирории Русия мегӯянд, ки шумораи қурбониёни инфиҷорҳо дар кони ангишти Кемеровои Сибир ба 52 нафар расидааст. Ин дар ҳолест, ки даҳҳо маъдангари дигар бедараканд. Владимир Путин-нахуствазири Русия аз кони ангишти Распадская дар Кемерово боздид кард. Распадская бузургтарин кони ангиши Русия ба шумор меравад. Ҳангоме, ки нахустин инфиҷор рух дод, 350 коргар дар дохили кон дар зери замин буданд. Наҷоти бисёре аз коргарон имконпазир буд, вале инфиҷори дуввум шуморе аз кормандонги наҷотро пахш кард ва онҳо худ қурбони ҳодиса шуданд.
XS
SM
MD
LG