Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Камерон нахуствазири нави Британия таин шуд


Шоми дирӯз Маликаи Британия Элизабети 2 Дэвид Камерон-раиси Ҳизби Муҳофизакори ин кишварро нахуствазири таин кард. Ҳизби Муҳофизакор дар интихоботи порламонии ҳафтаи гузашта аксари курсиҳои порламонро ба даст овард. Камерон ба Малика гуфт, мехоҳад бо Ҳизби Либерал-Демокарат, ки дар интихобот мақоми севвумро касб кардааст, ҳукумати эътилофӣ ташкил диҳад. Нахуствазири нави Британия гуфт, ки чун эътлоф ҳукумат кардан "кори душворе" хоҳад буд, вале афзуд, Британия ба масъалаҳои ҷиддии иқтисодӣ рӯ ба рӯст, ки бояд бо онҳо дасту панҷа нарм кард. Камерон 43 сол дорад ва дар давоми 200 соли ахир ҷавонтарин нахуствазири Британия мебошад. Гордон Браун дирӯз аз мақоми нахуствазирӣ истеъфо дод ва бад-ин тариқ ҳокимияти 13-солаи Ҳизби Коргар ба поён расид.
XS
SM
MD
LG