Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Минск дарёфти дархости истирдоди Боқиевро тайид кард


Додситонии кулли Белорус дарёфти дархости мақомоти ҳифзи тартиботи Қирғизистон барои истирдоди раисиҷумҳури барканоршуда Қурмонбек Боқиевро тайид кард. Боқиев дар он айбдор мешавад, ки дар тирпарронӣ сӯи тазоҳургарон дар шаҳри Бишкек дар моҳи гузашта даст дорад. Дар ин ҳодиса тақрибан 90 нафар кушта шуданд. Қурмонбек Боқиев аз мақом барканор шуд ва айни ҳол дар Белорус ба сар мебарад. Аз ин пеш раисиҷумҳури Белорус Александр Лукашенко изҳор карда буд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ Боқиевро ба Бишкек истирдод нахоҳад кард.
Ахиран ҳукумати муваққати Қирғизистон аз додситонии Латвия низ дархост кард, ки писари Боқиев – Максимро боздошт ва ба кишвар истирдод кунад.
XS
SM
MD
LG