Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи нав ба мактабҳои духтарона дар Афғонистон


Афроди ношинос дар Афғонистон ба ду мактаби духтарона ҳамлаи газиро созмон доданд. Ба иттилоъи мақомот, дар Кобул ва дар шаҳри Қундуз беш аз 30 духтари толибилм бо нишонаҳои заҳролудшавӣ аз газ ба бемористон интиқол ёфтанд. Ин аввалин ҳамла ба мактабҳои духтарона дар Афғонистон нест. Охири моҳи гузашта дар шаҳри Қундуз 80 духтари толибилм бо аломатҳои дарди сар, табларза ва дилбеҳузуршавӣ бистарӣ шуда буданд. Як сол пеш тақрибан 90 шогирди як мактаби духтаронаи Қандаҳор мавриди ҳамлаи газӣ қарор гирифта буданд. Қабл аз ин ду ҳамлаи дигари газӣ болои мактабҳои духтаронаи воқеъ дар наздикиҳои шаҳри Чорикор рӯх дода буд.
XS
SM
MD
LG