Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мухолифони низоми парлумонӣ садо баланд карданд


Ду мақоми ҳукумати муваққати Қирғизистон мухолифати худ ба гузаштани кишвар ба низоми парлумониро ошкор карданд. Имрӯз дар як нишаст дар шаҳри Ӯш раиси ҳукумати муваққат Роза Отунбоева дар бораи манфиатҳои гузаштан аз низоми раёсатҷумҳурӣ ба низомӣ парлумонӣ сӯҳбат кард. Ва аммо вазири дифоъ Исмоил Исҳоқов изҳор намуд, ки "Қирғизистон ба ҳукумати нерӯманди президентӣ ниёз дорад". Дар ин нишаст муовини раиси ҳукумати муваққат Азимбек Бекназаров ҳам эълом дошт, ки интихоби раисиҷумҳури қудратманд фақат ба манфиати Қирғизистон хоҳад буд.
Роза Отунбоева ва чанд тан аз раҳбарони ҳукумати муваққати Қирғизистон мутмаинанд, ки гузаштан ба низоми парлумонӣ дар роҳи эҳёи режимҳои мустабиду яккатоз дар кишвар монеъаи ҷиддӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG