Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунёди "Сангтуда-2" ба таъхир меуфтад?


Шурӯъ аз рӯзи 8 май тақрибан 172 вагони ҳомили бор вориди вилояти Хатлон шудааст. Дар ин бора ба хабаргузории “Авесто” дар ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон иттилоъ доданд. Ба гуфтаи ин манбаъ, айни ҳол Узбакистон асосан ба вагонҳои ҳомили орду ғалладона иҷозаи убур аз қаламраваш медиҳад. Айни ҳол, ба иттилоъи ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон, дар қаламрави Узбакистон тақрибан 938 вагон бо маводи сӯхт ва масолеҳи бинокорӣ барои вилояти Хатлон банд мондаанд. Масъулини ширкат мегӯянд, ки иҷборан нигаҳ доштани ин вагонҳо дар Узбакистон дар роҳи раъфи паёмадҳои сел дар шаҳри Кӯлоб ва киштукор дар минтақа мушкили ҷиддӣ эҷод мекунад. Ҳамчунин қаторҳо бо масолеҳи сохтмонӣ барои нерӯгоҳи “Сангтуда-2” дар Узбакистон банд мондаанд, ки рӯзи мавриди баҳрабардорӣ қарор додани чархаи аввали ин нерӯгоҳро ба таъхир мегузорад. Қаблан гуфта мешуд, ки чархаи аввали ин нерӯгоҳ то охири соли равон ба тавлиди барқ шурӯъ мекунад.
XS
SM
MD
LG