Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пулҷамъкунӣ дар Душанбе-Чаноқ қатъ шавад"


Хадамот зидди инҳисории Тоҷикистон хостори таъсиси як камисиюни вижаи давлатӣ барои омӯзиши вазъи роҳи пулакии Душанбе – Чаноқ ба манзури ҷилавгирӣ аз идомаи нақзи қонуни зидди инҳисорӣ дар ин ҷода шудааст.

Амонулло Ашӯр, раиси Оҷонси зидди инҳисории Тоҷикистон ба хабаргузории «Азия плюс» гуфтааст, ки ба баррасии ҳукумат санадеро ироа кардааст, ки бар асоси он таъсиси як камисиюн аз ҷумлаи намояндагони вазорату ниҳодҳои зидахл ва инчунин Дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ барои андешидани тадобири зарурӣ дар ин бора пешбинӣ мешавад.

Аммо то замони қабули қарори ҳукумат дар ин замина ниҳоди зидди инҳисории Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки ҷамъоварии маблағ барои истифодаи роҳи Душанбе – Чаноқ қатъ шавад.

Раиси Оҷонси зидди инҳисории Тоҷикистон гуфтааст, ки ширкати Innovative Road Solutions (IRS) аз аввали моҳи май то кунун ба сурати ғайри қонунӣ ба ҷамъоварии маблағ аз истифодакунандагони ин роҳ машғул мебошад.

Зеро тибқи тавофуқи қаблии ин ниҳод ва ширкати мазкур ҷамъоварии маблағ ба сурати озмоиши танҳо барои як моҳи апрел пешбинӣ шуда буд.

Сад ҳазор доллари ғайриқонунӣ?

Амонулло Ашӯр гуфтааст, ки ширкати Innovative Road Solutions (IRS) дар як моҳ аз истифодакунандагони роҳи Душанбе – Чаноқ ҳудуди 100 000 доллар ҷамъоварӣ кардааст.

Хадамоти зиддди инҳосорӣ ба ширкати Innovative Road Solutions (IRS) дархост кардааст, ки роҷеъ дар фаъолияти моли худ ва тарофаҳои нав пешниҳод ироа кунад. Ва агар ин ширкат дар муддати тайиншуда ин корро анҷом надиҳад ба Хадамоти зидди инҳисорӣ алайҳи он ширкат барои нақзи қонугузории Тоқикистон парванда боз хоҳад кард.

Амонулло Ашӯр ҳамчунин гуфтааст, ки масъулини ширкати Innovative Road Solutions (IRS) дар гузаргоҳҳои роҳи Душанбе – Чаноқ ба сурати ғайри қонунӣ ва бидуни таруфаи хос ба ҷамъоварии маблағ машғуланд. Ва аз ҳар мошини як сомонӣ ва ё ҳар касе чи маблағе пешниҳод кунад мегиранд ва кавитансия ё расид ҳам бар ивази он намедиҳанд.

Қаблан мақомоти ширкати мазкур гуфт буданд, ки сар аз аввали моҳи май нархи роҳкиро дар роҳи Душанбе – Чаноқ арзон хоҳад шуд. Аммо то кунун ин амал сурат нагирифтааст.

Ин дар ҳолест, ки дар як моҳи пулакӣ шудани ин роҳ норизоятии мардум аз гаронии таруфаҳо афзуд ва ахиран сокинони ноҳияи Варзоб гирдиҳамоии эътирозиро баргузор карданд. Ва беш аз даҳ ҳазор сокини ин ноҳия унвонии раиси ҷумҳур номаи эътирозӣ ирсол карданд.

Нахустин роҳи пулакии Тоҷикистон

Душанбе – Чаноқ нахустин роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон аст, ки пулҷамъкунӣ дар масири он зимни ифтитоҳи расмии он дар аввали моҳи апрел оғоз шуд.

Тибқи нархномаи қаблӣ роҳи Душанбе-Чаноқ, қимати убури ҳар як километри роҳ барои мошинҳои сабукрав ва микроавтобусҳо - 30 дирам, автобусҳо ва мошинҳои боркаши бо вазни то 7 тонна – 60 дирам, мошинҳои боркаши бо вазни то 14 тонна – 1,5 сомонӣ муайян шуда буд.

Истифода аз ин шоҳроҳ барои васоити нақлиёти мақомоти интизомӣ, ёрии таъҷилӣ, сӯхторхомӯшкунӣ ва ниҳодҳои наҷотдиҳӣ бепул хоҳад хоҳад буд. Роҳи Душанбе –Чаноқ пас аз баррасиҳо дар парлумони кишвар ва қабули як қонун пулакӣ эълон шуд.

Шоҳроҳи мазкур 410 километр тӯл дошта, аз Душанбе оғоз мешавад ва дар марзи миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар минтақаи сарҳадии мавсум ба Чаноқ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд поён меёбад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳадаф аз пулакӣ кардани ин роҳ пардохти қарзҳои давлати Чин аст, ки дар навсозии шоҳроҳ масраф шудаанд.

Роҳи Душанбе-Чаноқро ширкатҳои чинӣ бо сармояи 281 миллион доллар навсозӣ кардаанд. Мақомоти Тоҷикистон тасмим доранд, ки дар оянда як қатор шоҳроҳҳои дигари кишварро низ тармим ва пулакӣ кунанд.

Innovative Road Solutions - ошнои ношиноси ҳама

Ширкати Innovative Road Solutions (IRS), ки худро як ширкати Бритониёӣ муаррифӣ мекунад, системаи хидматрасонии толингии роҳи Душанбе – Чаноқро бар ӯҳда дорад. Фаъолияти ин ширкат тибқи созиши он бо ҳукумати Тоҷикистон, ки ба тасвиби порлумон низ расидааст сурат мегирад.

Ин ширкат ба иддаъои худаш як ширкати бонуфузи хориҷст, ки бо чандин давлати дунё ҳамкорӣ дорад. Аммо мақомоти он аз ифшои шарикони хориҷии худ худдорӣ мекунанд.

Аз сӯи дигар маълумотҳое мавҷуд аст, ки ин ширкат дар соли 2009 дар минтақаи офшори ҷазираҳои Верҷиния номнавис шуда ва таҷрибаи кории собиқа надорад. Ва муассисони он ҳам аслан шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Ҳадсу гумони фарзияҳои фаровоне роҷеъ ба робитаи моликони ин ширкат ва мақомоти Тоҷикистон низ дар расонаҳо ва миёни мардум ҳамчунон сайр дорад.
XS
SM
MD
LG