Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Душанбе дар Кӯлоб сад манзил месозад


Ҳукумати шаҳри Душанбе то 1 октябри соли равон барои осебдидагон аз сел дар шаҳри Кӯлоб сад бинои истиқоматӣ бунёд хоҳанд кард. Дар ин бора мири шаҳри Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев тасмим гирифт. Ба иттилоъи дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Убайдуллоев аз ниҳодҳои масъули шаҳр хостааст, ки дар зудтарин фурсат ба бунёди манзилҳо дар шаҳри Кӯлоб шурӯъ кунанд. Мири пойтахт ҳамчунин ба раёсати тиҷорат ва бозорҳои шаҳри Душанбе ва тоҷирон супориш додааст, ки ҳар рӯзи шанбе мардуми осебдидаи шаҳри Кӯлобро бо маводи ғизоӣ ва молу маводи мавриди ниёз таъмин намояд.
Дирӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар нишасти фаврии ҳукумат ба вазорату идораҳо амр кард, ки то рӯзи 6 ноябр барои мардуми аз сел зарардидаи Кӯлоб беш аз 500 манзили зист бунёд кунанд.
XS
SM
MD
LG