Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Медведев ва Башор Асад дар Димишқ гуфтушунид карданд


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев даъват кард, ки Ховари Миёна минтақаи бидуни силоҳи ҳастаӣ эълон шавад. Изҳороти сарвари Русия имрӯз ба думболи музокироташ бо раисиҷумҳури Сурия Башор Асад дар Димишқ пахш шуд. Дар нишасти хабарии муштарак Дмитрий Медведев ҳамчунин гуфт, ки Маскав аз ташкили давлати мустақили Фаластин пуштибонӣ мекунад, аз ташкили давлате, ки бо Исроил ҳамсоягии осоишта дошта бошад. Сарони Русия ва Сурия изҳор намуданд, ки онҳо мавзӯъи барномаи ҳастаии Эронро ҳам баррасӣ карданд ва аз Теҳрон хостанд, ки низоми паҳн накардани силоҳи ҳастаиро риоя кунад.
Башор Асад кумаки Русия дар рушди сохтори нафту гази Сурияро барои кишвараш муҳим арзёбӣ намуд.
XS
SM
MD
LG