Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду сарбози НАТО дар ҷануби Афғонистон


Паймони НАТО дар бораи ҳалокати ду сарбозаш бар асари инфиҷори минаи канори раҳ дар ҷануби Афғонистон хабар дод. Ва аммо дар изҳороти паймон дар бораи ҳуввияти сарбозон чизе гуфта нашудааст. Дар вилоёти ҷанубии Афғонистон асосан нерӯҳои ИМА, Бритониё, Канада ва Ҳуланд мустақаранд. Теъдоди начандон бузурги низомиёни Дания ва Эстония низ дар амалиётҳо дар ин минтақа ширкат мекунанд.
Дар ҳамин ҳол вазорати умури дохилаи Афғонистон хабар дод, ки нерӯҳои афғон ва НАТО дар волусволии Сангини вилояти Ҳилманд 18 тан аз ошӯбгаронро кушта, шаш нафари дигарашонро асир гирифтанд.
XS
SM
MD
LG