Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди қурбониён дар "Распадская" афзоиш ёфт


Теъдоди қурбониёни инфиҷор дар кони ангишти "Распадская", воқеъ дар вилояти Кемерово, ба 47 нафар расид. Ба иттилоъи вазорати ҳолатҳои изтирории Русия, сарнавишти 43 тани дигар то ҳанӯз рӯшан нест. Владимир Путин, сарвазири Русия, дар як ҷаласа дар шаҳри Междуреченск хостори тафтиши ҷиддии сабабҳои инфиҷор дар кони ангишт гардид. Раими Кумитаи тафтишотии Додситонии кулли Русия Александр Бистрикин ба ҷойи ҳодиса парвоз кард.
Инфиҷори аввал дар кони "Распадская" соати 4-и баъд аз зӯҳри рӯзи 9 май рӯх дод. Инфиҷори дуввум дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки 19 тан наҷотбахшон барои кумак ба осебдидагон вориди кон мешуданд. Ҳамаи онҳо ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG