Пайвандҳои дастрасӣ

Қурайшӣ Кришнаро ба Покистон даъват кард


Вазирони умури хориҷии Ҳиндустон ва Покистон дар бораи мулоқоте ба созиш расиданд, ки шояд ба думболи он музокироти сулҳи миёни ду кишвар аз сар гирифта шавад. Вазири умури хориҷаи Ҳиндустон Кришна имрӯз дар бораи сӯҳбати телефонӣ бо ҳамтои покистонияш Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ хабар дод. Қурайшӣ аз Кришна даъват кардааст, ки 15 июли соли равон ба Исломообод ташриф оварад.
Музокирот дар бораи эътидоли равобит миёни Покистону Ҳиндустон моҳи ноябри соли 2008, баъд аз ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба шаҳри Мумбай, мутаваққиф шуд. Бар асари ҳамла ба ду меҳмонсарои бузург, истгоҳи роҳи оҳан, Маркази яҳудиён ва тарабхонаву бемористони Мумбай 166 нафар кушта шуданд. Ҳафтаи гузашта додгоҳи Ҳинд Муҳаммад Аҷмал Амир Қассоб, ягона ҳамлагари дар ин ҳодиса зиндамондаро, бо иттиҳоми ширкат дар ҳамлаи террористӣ ба қатл маҳкум кард. Ёдовар мешавем, ки солҳои пеш Ҳиндустон ва Покистон се бор вориди низоъҳои мусаллаҳона шуда буданд.
XS
SM
MD
LG