Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон даъвои Онишенкоро рад кард


Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон даъвои раиси Хадамоти беҳдоштии Русия Геннадий Онишенко дар мавриди монеъагузории Тоҷикистон дар роҳи хурӯҷи кудакони шаҳрвандони Русия аз кишварро рад кард. Генадий Онишенко, раиси хадамоти беҳдоштии Русия, ба забаргузориҳо гуфт, ки ӯ рӯзи 8-уми май аз Вазорати ҳифзи сиҳати Тоҷикистон хост, то барои бозгардонидани кӯдакони то 6-солаи шаҳрванди Русия кӯмак кунад. Вале, ба гуфтаи Геннадий Онишенко, ҷониби Тоҷикистон якҷониба ин пешниҳодро рад кард. Ӯ ҳушдор дод, ки агар Тоҷикистон дар роҳи бозгардонидани кӯдакони то 6-солаи Русия монеъа эҷод кунад, дар он сурат Маскав алайҳи Тоҷикистон аз тадобири шадиди иқтисодӣ кор хоҳад гирифт.
Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ иддаои Онишенкоро "бепояву асос" хонд ва гуфт, ки "ҳеҷ монеъае барои хурӯҷи кудакони шаҳрванди Русия аз Тоҷикистон вуҷуд надорад".
XS
SM
MD
LG