Пайвандҳои дастрасӣ

Обама санади ҳамкорӣ бо Русияро ба Конгресс фиристод


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, қарордоди ҳамкорӣ бо Русия дар бахши истифодаи сулҳомези нерӯи ҳастаиро барои баррасиву тасвиб ба Конгресс ироа кард. Бори аввал ин санад ду сол пеш ба Конгресс пешниҳод шуда буд ва аммо раисиҷумҳури вақт Ҷорҷ Буш, ба нишони эътироз алайҳи ширкати Русия дар ҷанг бо Гурҷистон, онро бозхонда буд. Ба гуфтаи Барак Обама, акнун авзоъ дар Гурҷистон ба татбиқи ин санад монеъ шуда наметавонад. Ӯ ҳамчунин ба ҳамкорӣ бо Русия дар мавзӯъи шадидтар кардани таҳримҳои байнулмилалӣ алайҳи Эрон таъкид кард.
Моҳи апрели соли равон сарони Амрико ва Русия дар шаҳри Прага созиши нави силоҳи стратегиро имзо карданд, ки тибқи он захираи силоҳи ҳастаии ду кишвар ба таври чашмрас коҳиш дода хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG