Пайвандҳои дастрасӣ

Заррина 15 сол дорад, ва дар ҳамин синни наврасӣ дар ҷисми ӯ маризии зуҳравии трихомониоз мушаххас кардаанд. Беморие, ки тариқи робитаи наздики ҷинсӣ гузашта, боиси пайдо шудани захмҳои мухталиф дар бадани инсон мешавад.

Заррина соле қабл, ба гуфтаи худаш бо таҳрики як дугонааш, аз хона фирор карда, зиндагии озоду бенизоми ҷинсиро ихтиёр кардааст. Ӯ дарк мекунад, ки хатари гирифторшавӣ ба амрози мухталифи сироятӣ, аз ҷумла ба ВИЧ-СПИД ҳар лаҳза ба зиндагии ӯ таҳдид мекунад, аммо мегӯяд, роҳи бозгашт ба ҳаёти солимро надорад.

Заррина танҳо нест

Аксар кӯдакону наврасоне, ки мисли Заррина дур аз тарбияи волидон ба оворагардӣ машғуланд, оид ба роҳҳои гузариш ва пешгирии амрози зуҳравӣ, аз ҷумла, бемории кушандаи СПИД ва қоидаҳои беҳдорӣ иттилоъи комил надоранд.

Ин хулосаи маркази “Позитив” пас аз анҷоми як пурсиш дар миёни кӯдакони хиёбониву оворагарди шаҳр мебошад.

Гулчеҳра Шукурова, ҳамонҳангсози ин лоиҳа, мегӯяд, ин таҳқиқот дар охири соли 2009 ба хотири муайян кардани сатҳи огоҳии ин гурӯҳи кӯдакон оид ба амрози зуҳравӣ миёни беш аз 300 навраси аз 11-сола болои бозорҳои шаҳр гузаронида шудааст.

Суолҳои мушкил

Гулчеҳра Шукурова:
“Оё онҳо аз рифола истифода мекунанд? Чунин суол ҳам доштем мо ва беш аз 20 дарсади онҳо посух доданд, ки не ва қисме аслан ба ин суол посух надоданд. Чаро аз рифола истифода накардед? Ба ин суол аксар гуфтанд, ки намедонанд барои чӣ онро бояд истифода кард ва бо чӣ роҳ мешавад ин сироятёбӣ пешгирӣ кард...”

Ҳамчунин, дар пайи ин таҳқиқот муайян шудааст, ки аксари ин кӯдакону наврасон аз ташхиси тиббӣ нагузаштаанд ва ҳоло беморӣ ё мавқеи онҳо мушаххас нест. Гулчеҳра Шукурова, корманди маркази “Позитив”, мегӯяд, аксари кӯдакони оворагарду коргар аз шаҳру навоҳии дигар ба пойтахт омада, дар хонаи хешу табор ё хобгоҳу кӯчаҳо ба сар мебаранд. Бинобар ин, дар сурати гирифторшавӣ ба амрози сироятӣ ҳам аз муроҷиат ба духтурон худдорӣ мекунанд, чун дар қайди шаҳр нестанд. Онҳо бо машварати дигар дӯстонаш ба худмуолиҷакунӣ машғул мешаванд.

Миёнашон маризон ҳам ҳастанд

Хадамоти пешгирӣ аз ҳуқуқвайронкунӣ ва нигаҳдории ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар самти дарёфти волидону баргардонидани кӯдакони оворагарду хиёбонӣ ба хонаводаҳояшон кор мебарад.

Масъулини ин ниҳод мегӯянд, ноболиғоне, ки ба ин хадамот оварда мешаванд, қабл аз ҳама ташхис мешаванд ва дар пайи чунин ташхисҳо муайян шудааст, ки дар миёни ин гурӯҳи кӯдакон гирифторони хоришак, гонорея ва дигар амрози зуҳравӣ зиёд аст.

“Позитив”: Табуро бояд бардошт

Бино ба иттилои “Позитив”, дар шаҳр ҳудуди 6 ҳазор кӯдаку наврас ба иҷрои корҳои мухталиф машғуланд. Ин марказ пешниҳод кардааст, ки барои боло бурдани сатҳи огоҳии кӯдакону наврасони осебпазири оворагард оид ба бемориҳои сироятӣ, бояд барномаҳои омӯзишӣ ва иттилоотиро тақвият дод ва миёни онҳо ҳарчӣ бештар пешбурди тарзи солими зиндагиро тарғиб кард.

Ҳамчунин, тасмим шудааст, то чунин марказҳои омӯзишӣ дар назди бозорҳои шаҳр, ки коргоҳи аслии ин гурӯҳи кӯдакон аст, таъсис ёфта, дар он ҷойҳо ба онҳо кор бо комютер ва дигар касбҳо омӯзонида шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG