Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи "Вахш"-и Қурғонтеппа дар нахустин бозиаш дар сабқати интихобии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё дар пойтахти Мянмар, шаҳри Янгон, бар тими "Ринаун спортс клаб"-и Шри-Ланка бо ҳисоби бузурги 6-0 пирӯз шуд. Ин бозии даври аввали сабқати гурӯҳи "В" 10-уми май дар варзишгоҳи "Маркази омодагии ҷавонон" баргузор шуд.

Ҳазор бинанда, нисфаш амният

Нимаи аввали дидор бидуни гол анҷом ёфт, ҳарчанд футболбозони тоҷик лаҳзаҳои хуби голзанӣ доштанд. Қисми дуюми бозӣ комилан бо бартарии "Вахш" ҷараён гирифт. Ба қурғонтеппагиҳо муяссар шуд, ки 6 гол ба самар расонанд. Ҳисобро ҳамлагар Рустам Усмонов дар дақиқаи 57-ум боз кард. Вай тӯби ба ӯ ҳавододаи Асадулло Нуруллоевро аз ҷаримагоҳ вориди дарвоза кард. Воқеан, Усмонов дар ин бозӣ се гол зада, хет-трик кард. Ду голи дигарро Рустам дар дақиқаҳои 72-юм ва 80-ум ба ҳадаф расонд. Се голи дигари "Вахш"-ро ҳимоятгар Алексей Неъматов дар дақиқаи 59-ум, ҳамлагар Нӯъмонҷон Ҳакимов, капитани даста, дар дақиқаи 60-ум ва ҳамлагар Аҳтам Ҳамроқулов дар дақиқаи 75-ум заданд.

Ин бозӣ дар ҳузури 200 тамошобин сурат гирифт, ки аз нисф зиёди онҳоро кормандони пулису амнияти Мянмар ташкил медоданд. Ҳаво хеле гарм буд. Ҳарорат то ба 43 дараҷа мерасид. Вале ба иқлими номусоид нигоҳ накарда, футболбозони тоҷик маҳорати хуб зоҳир карданд ва то охири бози ягон нафар аз идомаи сабқат даст накашид. Варзишгарони тоҷик, ки панҷ рӯз пеш аз оғози мусобиқа ба шаҳри Янгон (аҳолиаш ҳудуди 10 миллион нафар) омада буданд, ба иқлими ин ҷо каме одат карданд.

Дар як рӯз се бор хӯрок медиҳанд

Мянмар кишварест дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ. Он то соли 1989 Бирма ном дошт. Иттиҳоди Мянмар ҳоло қариб 55 миллион аҳолӣ дорад.

Мянмар бо Ҳиндустон, Бангладеш, Чин, Лаос ва Таиланд ҳамсарҳад аст. Забони давлати бирмагӣ мебошад, дини ҳукмрон буддоист. Дар Мянмар мусулмонон ва насрониён низ ба сар мебаранд. Ҳоло дар ин ҷо фасли тобистон ҳукмфармост. Ҳарорати ҳаво рӯзона то ба 45 дараҷа мерасад. Бо Тоҷикистон якуним соат фарқ дорад. Бозиҳо соати 16 ба вақти Мянмар ва соати 14-у 30 дақиқаи вақти Душанбе шурӯъ мешаванд.

Мардуми Мянмар хеле оддӣ ва меҳмоннавозанд. Ҳар куҷое, ки будем, моро хуш пазироӣ карданд. Барои ҳайатҳои варзишии ҳамаи кишварҳои ширкаткунандаи сабқати интихобӣ - Тоҷикистон, Покистон, Шри-Ланка ва Камбоҷа (гурӯҳи "В"), Туркманистон ва Бутан (гурӯҳи "С", инчунин, дар ин гурӯҳ Мянмар) шароитҳои хуб фароҳам кардаанд. Дастаҳо бо ҷои хоб дар меҳмонхонаҳои замонавӣ, се бор бо хӯроки гарм ва нақлиёт таъминанд. Варзишгоҳи марказии Янгон дорои 40 ҳазор ҷои нишаст буда, ҳолати майдони бозиаш хеле хуб аст.

Панҷоҳ сент барои бозии «Вахш»

Бозиҳо тавассути телевизиони Мянмар зинда пахш мешаванд. Шояд аз ҳамин сабаб теъдоди мухлисон дар варзишгоҳҳо хеле кам аст. Воқеан, тамошои бозиҳо дар варзишгоҳҳо пулакист. Нархи чиптаҳо аз 50 сент то 1 доллар мебошад. Дар кӯчаҳои шаҳр равуои мардум хеле зиёд аст, нақлиёти ҷамъиятӣ - автобусу мошинҳои одамкаш ҳамеша пур аз мусофирон мебошад.

Бармегардем ба сабқати интихобӣ. Дар бозии дигари гурӯҳи "В" дастаи "Озмоишгоҳи Хон"-и Покистон бар тими "Нагакорп"-и Камбоҷа бо ҳисоби 2-1 ғалаба кард.

Ба ин тартиб, пас аз даври аввал дар ҷадвали сабқати ин гурӯҳ "Вахш" бо 3 имтиёз ва таносуби тӯбҳояш 6-0 дар мақоми аввал аст. Футболбозони Покистон бо касби 3 имтиёз (таносуби тӯбҳо 2-1) дар ҷои дуввум қарор доранд. Вале дастаҳои "Нагакорп" ва «Ринаун» имтиёз надоранд.

Ду қисми гуногун

Пас аз анҷоми бозии "Вахш" ва "Ринаун" нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Нахуст сармураббии "Ринаун" Муҳиддин Муҳаммад Амонуллоҳ дар бораи бозии аввал ба хабарнигорон чунин ибрози назар кард: "Ман аз бозии шогирдонам дар нимаи аввали дидор қаноатмандам. Вале футболбозони ҷавони мо дар нимаи дуввум ба бозигарони пуртаҷрибаи "Вахш" муқобилият нишон дода натавонистанд. Зеро ки бачаҳои мо хеле монда шуда буданд. Ҳавои Мянмар ба мисли Шри-Ланка аст, вале намнокиаш хеле зиёд аст. Ба ҳар ҳол, гармии ҳаво мушкилоти зиёд пеш наовард".

Сипас, дар ин нишаст Аслиддин Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи "Вахш", ба суолҳои хабарнигорон посух дод. Вай, аз ҷумла, гуфт: "Мо имрӯз шоҳиди ду қисми ба ҳам мухолиф будем. Яъне, дар нимаи аввал ҳарчанд, ки мо бартарӣ доштем, аз лаҳзаҳои мувофиқи голзанӣ истифода карда натавонистем. Ва аммо пас аз танаффус футболбозони мо аз паи рафъи камбудиҳо шуда, бозии хуб нишон доданд. Аз вазъиятҳои хуби тӯбзанӣ пурсамар истифода бурда, 6 гол ба самар расонданд. Дар ин бозӣ, бахусус, Рустам Усмонов маҳорати баланд зоҳир кард. Ман аз бозии футболбозони даста розиам ва ба қувваозмоии оянда бо рақиби аслиамон - қаҳрамони Покистон хубтар омодагӣ хоҳем дид. Мақсади мо пирӯзист ва танҳо бо умеди ғалаба пой ба майдон мегузорем".

Ҳамлагари тоҷик бо шиносномаи қазоқӣ

Дастаи "Вахш" бо шумули 28 нафар дар шаҳри Янгон меҳмон аст. 18 нафарро футболбозон ташкил медиҳанд. Вале бар асоси низомномаи мусобиқа ба бозиҳо танхо ду легионер роҳ дода мешаванд. Ба ҳайати "Вахш" се легионер - дарвозабон Фарҳод Юлдошев (аз Узбакистон), Элайҷо Арийе (Гана) ва Рустам Усмонов (Қазоқистон) дохиланд.

Аз инҳо ду нафар - Юлдошев ва Усмонов ба ин мусобиқа роҳ дода шудаанд. Воқеан, Рустам зодаи шаҳри Қурғонтеппа ва дастпарвари футболи тоҷик аст. Вале ӯ, ки тӯли 10 сол дар дастаҳои Қазоқистон бозӣ карда, шаҳрвандии ин кишварро пазируфтааст, ҳоло дар дастаи худ - "Вахш" ҳамчун бозигари хориҷӣ маҳсуб мешавад.

Доварро офтоб зад

Дар шаҳри Янгон, инчунин, сабқати гурӯҳи "С" ҷараён дорад. Дар ин гурӯҳ се даста - МТТУ-и Туркманистон, "Брукстарс"-и Бутан ва "Яданарбон"-и Мянмар бозӣ мекунанд. Дар даври аввал МТТУ бар "Брукстарс" бо ҳисоби бузурги 8-0 пирӯз гашт.

Дарвоқеъ дар ин бозӣ сардовар аз Корея натавонист дар нимаи дуввум ба майдон барояд, зеро аз ҳарорати баланди ҳаво ва офтоби сӯзон вазъи саломатиаш бад шуд ва ӯро довари эҳтиётӣ иваз кард.

Нарзулоҳи Латиф = сад ҳамкасби маҳаллияш

Дар Мянмар бозиҳоро беш аз 100 хабарнигор тавассути расонаҳои хабарӣ инъикос мекунанд, ки байни онҳо танҳо се нафар аз кишварҳои хориҷӣ - Тоҷикистон, Покистон ва Шри-Ланка мебошанд. Сарфарозам, ки ман ҳам дар қатори онҳо аз ҷараёни ин мусобиқа ба мухлисони футболи тоҷик гузоришҳо пешкаш мекунам.

11--уми май як бозии гурӯҳи "С" байни дастаҳои "Яданарбон" ва "Брукстарс" баргузор мешавад. 12-уми май дастаи "Вахш" бо "Озмоишгоҳи Хон"-и Покистон ва "Нагакорп"-и Камбоҷа бо "Ринаун"-и Шри-Ланка бозӣ хоҳанд кард. Ҳар ду бозӣ соати 14-у 30 дақиқа ба вақти Душанбе ё соати 16 ба вақти Мянмар шурӯъ мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG