Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари президенти Русия Дмитрий Медведев аз Сурия шурӯъ шуд. Интизор меравад, дар дидори ӯ ба ҳамтои мизбонаш Башор Асад масъалаҳои иқтисодӣ, ҳамкориҳои низомӣ ва дурнамои сулҳи Ховари Миёна баррасӣ шавад.

Барои дарёфти иттилоъи бештар аз сиёсати Русия дар Ховари Миёна Радиои Озодӣ Марк Катз, донишманди Донишгоҳи Ҷорҷ Мейсони Вирҷинияро ба сӯҳбат даъват кард.

Ҳизбуллоҳ ва Эрон

Радиои Озодӣ: - Ҷаноби Катз, ба назари шумо, масоили умдаи мавриди баҳс дар мулоқоти Медведев бо Башор Асад кадом хоҳад буд?

Марк Катз: - Бидуни шубҳа, пойгоҳи баҳрии Тартус ва бозсохти он як мавзӯъи баҳс хоҳад буд. Доду гирифти силоҳ ва қимати он аз масоили дигар. Ба эҳтимоли ман, мавзӯъи ҳассоси иттиҳоми Исроил, ки мегӯяд, Сурия силоҳи русиро ба Ҳизбуллоҳ медиҳад, низ баҳс хоҳад шуд. Ба назари ман, русҳо аз Сурия итминони хотир мехоҳанд, ки ин гуна ҳодиса рух намедиҳад ва ин амали муфид нест. Албатта, Сурия вуҷуди ин гуна амалҳоро рад хоҳад кард. Ин аз масоили мушкили равобити Русияву Сурия аст, бо назардошти он ки Русия бо Исроил равобити хуб дорад.

Радиои Озодӣ: -Бигӯед, ки бинобар иттиҳоми марбут ба Ҳизбуллоҳ, оё Русия аз содироти силоҳ ба Сурия даст мекашад?

Марк Катз: - Идомаи таҳвили силоҳ барои Русия мушкил хоҳад буд. Русҳо мехоҳанд обрӯи шарики мӯътамадро дошта бошанд. Аммо, русҳо пофишорӣ доранд, ки силоҳу лавозимоти ҷангиро ба хотири дифоъ ба Сурия таҳвил додааст. Аз сӯи дигар, силоҳ ба дасти Ҳизбуллоҳ, ки афтид, дигар на ҳамчун силоҳ ба хотири дифоъ истифода мешавад. Русия мехоҳад бозигари минтақаи Ховари Миёна бошад, бозигари масъул. Эҳсоси ман ин аст, ки ин сафар аз сафарҳои фараҳбахш нахоҳад буд.

Радио Озодӣ: -Хабаргузориҳои русӣ навиштаанд, ки барномаи ҳаставии Эрон аз масоили калидии гуфтушуниди Медведев бо ҳамтои суриягияш хоҳад буд, ки кишварашро дар як қатор бо Теҳрон гузоштааст. Шумо дар ин замина пешгӯие доред?

Марк Катз: - Не, ман фик намекунам. Ин сабки Маскав нест. Сурия ҳам барои таъсири мусбат ба Эрон ҳеҷ коре намекунад. Ман бовар надорам, ки ин мавзӯъ аз масоили муҳими гуфтугуи ҷонибҳо бошад.

Нигоҳи Амрикову Исроил ба сафари Медведев

Радиои Озодӣ: -Ахиран, Амрико таҳримот алайҳи Димишқро таҷдид кард. Оё сафари Медведев ба Сурия нигарониеро дар Вашингтон, ки равобиташ бо Русияро "бознишонӣ" кардааст, ба миён меорад?

Марк Катз: - Бале, Вашингтон ба ин сафар таваҷҷӯҳ дорад, аммо дар асл чӣ метавонад бикунад? Ва агар коре ҳам бикунад, он чизе хоҳад буд, ки равобитро хароб бикунад? Оё мо воқеан ташвиш дорем? Ба назари ман, ин бештар нигаронии Ҷумҳурихоҳонро ба миён меорад. Маъмурияти Обама аз он нороҳат мешавад. Аммо ҳамчунин имкон дорад, ки ин дидору гуфтугу имконоти дигареро барои онҳо дар робита ба исроилиҳо ба вуҷуд биёрад ва бигӯяд, ки " Бубин, мо ҳар қадар кушиш кардем, ки Сурияро дар инзиво қарор диҳем, аммо он ҷо муваффақ нашудем. Агар шумо омодаед, мо метавонем Русияро низ ба бозӣ ҳамроҳ кунем."

Радиои Озодӣ: - Ба назари шумо ин сафар ба равобити Русия бо Исроил чӣ таъсир хоҳад дошт?

Марк Катз: - Русия бо Исроил равобити хуб дорад, ман мутмаинам, ки Исроил бо Русия дар ин бора гуфтугӯ дорад. Ман ҳамчунин бовар дорам, Русия Исроилро мутақоид месозад, ки ҳеҷ бадие аз ин сафар барнамеояд. Инҳо маъмулан ба тарафҳо ҳарфҳои мухталиф мегӯянд.

Дӯсти ҳама, ба ҷузъ ал-Қоида

Радиои Озодӣ: -Сиёсати Ховари Миёнаи Русияро дар ҳошияи сафари Медведев ба Сурия чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Марк Картз: - Сиёсати Маскав дар Ховари Миёна ин гуна аст, ки мехоҳад бо ҳама дӯст бошад. Бо Исроил, бо арабҳои мӯътадил, бо арабҳои тундрав, бо Эрон. Русия бо ҳама дӯст аст, ба ҷузъ ал-Қоида. Ал-Қоида дӯсти ҳеҷ тарафе нест. Маскав ҳатто бо Ҳамос ва Ҳизбуллоҳ ҳам дӯстӣ дорад. Ба назари ман, онҳо қисман ба думболи манофеъи иқтисодӣ мегарданд. Аммо ҳадафи аслӣ ин аст, ки онҳо намехоҳанд Қафқози Шимолӣ ба мисли Афғонистон дар солҳои 1980 намунаи ангуштнамои ҷаҳони Ислом нашавад. Аз ҳама ҷолиб ин аст, ки онҳо ба таври густарда муваффақ ҳастанд ва ба назар мерасад, ки ҷаҳони Ислом ба мусалмонҳои Русия чандон таваҷҷӯҳ надорад.
XS
SM
MD
LG