Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Болоравии нархи саҳом дар Аврупо ва Амрико


Рӯзи душанбе нархи саҳом дар бозорҳои Аврупо ва Амрико дар соли ҷорӣ ба баландтарин нуқтаи худ расид. Ин дар ҳолест, ки кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар бораи таъсиси сандуқи як триллиондолларии кӯмак ба тавофуқ расиданд. Ин кӯмакҳо арзиши пулро дар қаламрави истифодаи евро ба танзим медарорад. Рӯзи душанбе дар бисёре аз кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла дар Испанияву Португалия ва Италия, болоравии нархи саҳом мушоҳида шуд. Дар бозори саҳоми Дов Ҷонси Амрико нархи саҳом ҳатто то 3,9 дарсад боло рафт. Арзиши баробарии евро бо пулҳои дигар низ боло рафт, вале то поёни рӯз ба асли пешини худ баргашт. Чунин тағирот ба нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ низ асар гузошт.
XS
SM
MD
LG