Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости Э. Раҳмон аз корхонаву муассисаҳои давлатӣ


Дирӯз Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи изтирории ҳукумат аз муассисаву корхонаҳои давлатии Тоҷикистон дархост кард, ки дар сохтмони манзилгоҳҳо ба сокинони осебдидаи шаҳри Кӯлоб ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон кӯмак расонанд. Ин дар ҳолест, ки се рӯзи пеш селоби шадид садҳо манзили зистро дар шаҳри Кӯлоб хароб ва ҷони даҳҳо нафарро рабуд. Оқои Раҳмон гуфт, чунин кӯмакҳо ихтиёрист ва ҳар корхона ё муассиса метавонад дар маҳали пешбинишуда ба ҷои хонаҳои харобшуда як хона бисозад ва ба шахси аз хона маҳрумшуда тақдим кунад. Оқои Раҳмон гуфт, чунин хонаводаҳо дар ноҳияҳои вилояти Суғд низ ҳастанд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин ба раиси ҷумҳури Ӯзбакистон барои дар ҳамин рӯзҳо боз кардани роҳи оҳан ба сӯи вилояти Хатлон изҳори сипос кард.
XS
SM
MD
LG