Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Кӯлоб гурӯҳи вижа ташкил шуд


Шоми дирӯз дар Кӯлоб ситоди рафъи пайомадҳои офати табиӣ барои пайдо кардан ва берун овардани ҳайвоноти мурда аз зери гилу хок гурӯҳи вижае таъсис дод. Гурӯҳи мазкур аз кормандони идораи беҳдоштӣ, ҳифзи муҳити зист ва кумитаи ҳолатҳои фавқулода иборат аст. Ин гурӯҳ бо дархости сокинони шаҳри Кӯлоб ташкил шудааст. Кормандони беҳдошт мегӯянд, дар сурати берун наовардани аҷсоди ҳайвонот мумкин аст бемориҳои мухталиф густариш ёбад. Дар ҳамин ҳол, баъзе сокинон мегӯянд, то кунун маводи ғизоӣ аз ҳукумату созмонҳои мадарасон дастрас накардаанд.
XS
SM
MD
LG