Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Г. Браун аз раёсати Ҳизби Коргар истеъфо медиҳад


Гордон Браун-нахуствазири Британия гуфт, ки аз раёсати Ҳизби Коргар истеъфо медиҳад. Вай гуфт:

"Ман орзӯе барои мондан дар ин мақом надорам, яъне бештар аз он ки зарурате вуҷуд дорад, то бовар ҳосил кунем, ки роҳи рушди иқтисод боварибахш аст ва раванди ислоҳоти сиёсӣ, ки мо роҷеъ ба он ба тавофуқ расидаем, ба зудӣ пеш равад".

Браун гуфт, мехоҳад, ки раҳбари нави ҳизб то замони баргузории конфронси ҳизбӣ дар моҳи сентябр курсии раёсатро ишғол кунад. Дар изҳороти худ Гордон Браун ҳамчунин гуфтааст, ки ҳизби вай бояд бо Ҳизби Либерал-Демократ музокироти расмиро оғоз кунад. Ҳизби Муҳофизакори Британия дар интихоботи порламонӣ аксари курсиҳоро ба даст овард. Ник Клегг-раиси Ҳизби Либерал-Демократ гуфт, истеъфои Гордон Браун "омили муҳим"-и музокирот дар бораи тақсими курсиҳо дар ҳукумати нав аст. Ҳизби Муҳофизакор рӯзи душанбе пешниҳод кард, ки роҷеъ ба ислоҳот дар низоми интихоботӣ райпурсӣ баргузор шавад. Ин яке аз дархостҳои аслии Ҳизби Либерал-Демократ аст.

XS
SM
MD
LG