Пайвандҳои дастрасӣ

Хунинтарин рӯзи соли ҷорӣ дар Ироқ


Амрико мавҷи ҳамлаҳо дар Ироқро, ки беш аз 100 кушта бар ҷой гузошт, маҳкум кард. Филип Кровлӣ-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико гуфт, "ин ҳамлаҳо бовариро аз байн намебарад, ки мардуми Ироқ ба ҳукумату нируҳои амниятии худ нишон додаанд". Вай гуфт, дар ин ҳамлаҳо аз ҷониби Амрико ҳеҷ талафоте набудааст. Авҷи ҳамлаҳо дар Ироқ, аз ҷумла дар инфиҷори ду мошини бамгузоришуда дар назди корхонаи бофандагӣ дастикам 102 кушта бар ҷой гузоштааст. Рӯзи душанбе хунинтарин рӯзи соли ҷорӣ дар Ироқ будааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG