Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомид Карзай вориди Вошингтон шуд


Раисиҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай, вориди Вошингтон, пойтахти Иёлоти Муттаҳида шуд ва қарор аст, бо вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон ва сипас, раисиҷумҳур Барак Обама мулоқот кунад. Ин нахустин сафари Карзай ба Вошингтон аст, пас аз чанд изҳороти баҳсбарангези ӯ. Вай давлатҳои хориҷиро дар ташкили тақаллуб дар интихоботи президентӣ айбдор кард ва ҳам дар мулоқот бо аъзои конгресси Амрико гуфт, бо толибон хоҳад пайваст. Бо ин сабаб сафари ӯ ба таъхир афтода буд. Пеш аз ин сафар Вазорати дифоъи Амрико гуфт, ҳукумати Карзай ҳамоно дар фасод ғӯтидааст ва ба бахши аъзами Афғонистон назорат надорад.
XS
SM
MD
LG