Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама боз як узви Додгоҳи Олиро муайян кард


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, имрӯз ноиби вазири адлияи Амрико, Елена Каганро ба узвияти Додгоҳи Олии Иёлоти Муттаҳида номзад кард. Дар суханронияш ба ин муносибат Обама аз Каган ин гуна ситоиш кард:

"Елена яке аз мағзҳои барҷастаи или ҳуқуқи кишвар аст. Вай як муҳаққиқи саршиноси ҳуқуқ аст, ки қонунҳои конститутсиониро амиқ дарк мекунад. Вай собиқ ёвари Кохи Сафед, сарсупурдаи ҳамешагии хидмат ба мардум ва касест, ки дар пайвандҳову марзҳои се шохаи қудрат фаҳмиши қавӣ дорад. Вай як раҳбари оташиннақшу озмоишгар аст. Аввалин занест, ки ба факултаи ҳуқуқи Ҳарвард сарварӣ кардааст."


Қарор аст, Каган дар ҳоли тасдиқ шуданаш аз тарафи конгресс, якҷо бо Рутс Бадер Гинзбург ва Сония Сотомайор сегонаи занон дар Додгоҳи олиро таъсис диҳад. ИН дувуми нафари Обама дар Додгоҳи Олӣ аз замони оғози кори ӯ ба ҳайси раисиҷумҳури Амрикост. Узвият дар ин додгоҳ якумрист.
XS
SM
MD
LG