Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Кабирӣ бо муҳоҷирони тоҷик дар Маскав


Узви порлумони Тоҷикистон ва раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ рӯзи душанбеи 10-уми май дар Маскав бо намояндагони диаспораи тоҷикони Русия мулоқот кард. Дар ин нишаст вазъ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ, ҷараён ва натиҷаҳои интихоботи порлумонии моҳи феврал ва офатҳои ахир дар кишвар баррасӣ шуд. Раҳбари ҲНИТ ба муҳоҷирони тоҷик ёдовар шуд, ки онҳо бо рафтору гуфтори хеш нишондиҳандаи чеҳраи Тоҷикистонанд ва бояд бо намунаҳои нек ба ташаккули симои мусбати кишвар мусоидат кунанд. Мулоқоти қаблии Кабирӣ бо муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва донишҷӯёни тоҷик дар Миср, вокунишҳои манфиеро дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон ба дунбол доштааст.
XS
SM
MD
LG