Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар хушунатҳои Ироқ дар як рӯз 70 нафар кушта шуд


Зиёда аз 70 нафар дар силсилаи тирандозӣ ва таркишҳо дар Бағдод, пойтахти Ироқ, кушта ва 200 тан захмӣ шудаанд. Таркиши ҳамзамони ду мошин дар бар зидди кормандони умури изтирорӣ дар шаҳраки Ҳилла, ҷанубушарқи Бағдод 35 кушта ва 140 захмӣ ба ҷой гузошт. Инфиҷорҳои марговаре дар бозори пуриздиҳоми Сувайрои Бағдод бо ҳалокати 11 нафар ва маҷрӯҳ шудани 40 тани дигар анҷомид. Дар маркази Бағдод як нафар аз силоҳи автоматӣ оташ кушода, шаш корманди полисро дар посгоҳ ба ҳалокат расонд. Чанд нафари дигар дар таркишҳои Фаллуҷа, ғарби Бағдод ва Мавсул шимоли Ироқ кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG