Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи "Вахш" қаҳрамони Шри Ланкаро 6:0 мағлуб кард


Дастаи "Вахш", қаҳрамони футболи Тоҷикистон, дар бозии нахустинаш дар сабқати интихобии Ҷоми раиси Конфедерасюни футболи Осиё дар шаҳри Йангони Мянмар ба дарвозаи рақибаш дастаи "Ренаун Спортс Клаб"-и Шри-Ланка шаш голи бепосух зад. Бо ин пирӯзии қотеъ "Вахш" дар садри ҷадвали гурӯҳаш қарор гирифт ва пасфардо, 12-уми май, бо қаҳрамони Покистон, дастаи "Озмоишгоҳи Хон" қувваозмоӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG