Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон ба убури вагонҳои маводи сӯхт иҷоза надодааст


Пас аз дастури махсуси раисиҷумҳури Узбакистон роҳи вагонҳои Тоҷикистон, ки беш аз се моҳи охир баста буд боз шуд ва дар ду шабонарӯзи охир зиёда аз 140 вагон бо ғизову масолеҳи бинокорӣ ба вилояти Хатлони Тоҷикистон ворид шуд.
Ислом Каримов, тибқи хабарҳо, ин дастурро дар робита ба обхезии Кӯлоб додааст ва он танҳо ба вагонҳое марбут аст, ки ба вилояти Хатлон раҳсипоранд. Хабаргузории давлатии "Ховар" мегӯяд, ин иқдоми башардӯстонаи раҳбари Узбакистон аз тарафи Тоҷикистон мусбат арзишёбӣ шудааст. Аммо Усмон Қаландаров, муъовини раиси ширкати «Роҳи Оҳан» -и Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард, ки кишвари ҳамсоя барои раҳоии вагонҳои ҳомили маводи сӯхт иқдом накардааст. Бино бар иттилои ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" дар маҷмӯъ дар хоки Узбакистон 995 вагони дигари равона ба самти Хатлон мунтазири иҷозаи убур аст. Шумори умумии вагонҳои Тоҷикистон, ки дар Узбакистон дар банд мондаанд, қариб 2000 адад номида мешаванд.
XS
SM
MD
LG