Пайвандҳои дастрасӣ

Истеъфои раҳбари ҳизби Туркия пас аз нашри аксҳои маҳрамона


Раҳбари ҳизби асосии мухолифи давлати Туркия пас аз нашр шудани аксҳо аз ҳаёти маҳрамонааш ба истеъфо рафт. Дениз Байкал, раиси Ҳизби халқии ҷумҳурихоҳ, нашри аксҳои маҳрамонашро якҷо бо як узви маҷлис як ҳамлаи сиёсӣ номид ва гуфт, бо вуҷуди истеъфо қазияро пайгирӣ хоҳад кард. Байкал ҳукуматро масъул ва мухолифати худро ба тағйири қонуни асосӣ сабаби ин маърака номид. Ду сол пеш шикояти Байкал ба додгоҳи қонуни асосӣ порлумонро дар вартаи парокандашавӣ қарор дода буд.
XS
SM
MD
LG