Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбарони Аврупо аз барномаи густардаи кӯмак ба ҳифзи евро гарм истиқбол карда, хушбинона мегӯянд, ин барномаи 750- миллиардевроӣ, тавре ҳам ,ки интизор мерафт, ба хубӣ ба кор даромад.

Нафаси тозаи евро

Тасвиби ин барнома аллакай аз субҳи 10-уми май, афзоиши қимати саҳом дар бозорҳои Осиёву Аврупо ва як андоза қувват гирифтани евро, воҳиди муштараки пули 16 кишвари Аврупо дар муқобили соир асъори муҳими хориҷиро ба дунбол дошт.

Ҳаҷми маблағҳои ин сандуқи кӯмаки ИА, ки дар маҷмӯъ чизе дар ҳудуди 1 триллион долларро ташкил медиҳад, барои бозорҳо ғайриинтизор буд. Қариб 2 дарсад афзудани қурби евро дар баробари доллар ва боло рафтани қимати саҳом имкон медиҳад, ки бозорҳо талафоти ҳангуфти ҳафтаи гузаштаашонро як андоза ҷуброн кунанд. Иллати аслии уфти қимати саҳом дар бозорҳо афзоиши нигарониҳо дар бораи имкони ба эҳёи иқтисоди Аврупо латма задани бӯҳрони қарзҳо, бахусус бӯҳрони Юнон ва эҳтимоли густаришаш ба кишварҳои имрӯз аз нигоҳи иқтисодӣ заифтари ин қора, назири Португалияву Испания буд.

Раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Катрин Эштон гуфт, ин барнома ҳам барои Аврупо ва ҳам барои иқтисоди ҷаҳонӣ хуб аст. Мудири Сандуқи байналмилалии пул Доминик Страусс-Кан таҳияи ин барномаи наҷотро “қадами бузурге ба сӯи пеш” номид. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар Берлин таъсиси Сандуқи ҳифзи евроро як иқдоми лозим ба хотири ҳимоят аз қурби ин пули муштараки Аврупо хонд.

Ал-ваъдаву дайн

Тавофуқ бар сари таъсиси сандуқи кӯмак дар нишасти вазирони молияи ИА дар Брюссел шаби 9-уми май дар пайи 11 соати баҳсҳои тӯлонӣ ба даст омад. Оллӣ Рен, комиссари ИА дар умури масоили иқтисодиву молӣ, гуфт, сандуқи ёриҳои изтирорӣ аз ду ҷузъ иборат аст: 60 миллиард еврое, ки бар асоси банди 122-юми Паймони Лиссабон барои ҳолоти истисноие, ки кишварҳои узв аз ӯҳдаи назорати вазъ набароянд, дар назар дошта шудааст. Ва боқӣ 440 миллиард еврое, ки бар пояи қарордодҳои байнидавлатист.

Комиссари дороии ИА ҳамчунин хабар дод, ки Сандуқи байналмилалии пул низ ба навбаи худ ваъда супурда, то бо ихтисоси маблағи муодили дастикам нисфи саҳми кишварҳои ИА дар таъсиси ин сандуқи кӯмак саҳим шавад. Дар маҷмӯъ, ҷамъи маболиғи ваъдашуда барои ин сандуқи кӯмак ба кишварҳвои бӯҳронзадае, чун Юнону Испания ва Итолиёву Португалия барои 3 соли оянда дар ҳудуди 750 миллиард евро рақам зада мешавад, ки тақрибан 1 триллион долларро ташкил медиҳад.

Бо пайроҳаи Амрико

Оллӣ Рен мушкилоти феълиро як чолиши мунтазам ба суботи минтақаи евро хонд ва гуфт, ин таҳдид нафақат бар зидди як кишвари узв, балки ба сурати умум таҳдид ба судоти тамоми минтақаи евро ва ҳамин тавр, таҳдид ба кулли Иттиҳоди Аврупост.

Ба ин тартиб, Аврупо дар пайи баҳсҳои тӯлонӣ билохира розӣ шуд, амсоли Амрико, ки тақрибан 2 соли пеш барои рафъи бӯҳрон ҳудуди 800 миллиард доллар ихтисос дод, низ ҳамёнашро боз кардаву, бӯҳрони молиро бо кӯмакҳои молӣ рафъ кунад. Аммо ин барномаи наҷот бар асоси шартҳои мушаххасе ироа мешавад.

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфт, кишварҳои минтақаи евро бояд акнун ба хотири ҳалли мушкилоти моливу молиётии худ миёнро, ба истилоҳ маҳкамтар бубанданд. Люк Фриден, вазири дороии Люксембург, аммо мегӯяд, сандуқи кӯмак касса нест, ки ҳар кишвар ҳар вақте дилаш хост аз он маблағи дилхоҳашро бигирад.Вазири умури дохилаи Олмон Томас де Майзер дар пайи нишасти Брюссел гуфт, ин барномаи кӯмак зарурати иттихози тадобири шадид ба манзури танзими кори бозорҳои молиро сарфи назар намекунад, балки баръакс.

Дар ин тарҳи бесобиқаи ҳифзи евро як силсила бонкҳои марказии дунё низ дахил шудаанд. Бонки марказии Амрико гуфт, бонкҳои миллии дигар кишварҳоро бо мақодири лозими доллар таъмин хоҳад кард. Бонки марказии Аврупо барои нахустин бор эълон кард, ки омода ҳаст, ба хотири ҳимояти бозорҳо қарзи давлатҳои минтақаи евроро бихарад.
XS
SM
MD
LG