Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зани нонфурӯши кӯчаи мо ... куҷо шуд?


Намедонам чаро пайваста пеши назарам он рӯз ва он лаҳза меояд. Рӯзи сарду боронӣ буд. Хаставу гурусна ва хеле дер, соати тақрибан даҳи шаб шаб аз кор бармегаштам. Дар кӯча ҳам кам касе ба назар мерасид. Ҳатто бозорчаи занони нонфурӯши назди хонаамон, ки баҳсу мунозираҳои фурӯшандазанонаш дар ҳар мавзӯи ночиз ҳам ҳеҷ тамомшавӣ надорад, хомӯш буд.

Онҳо ғолибан бо умеди фурӯхтани охирин нонашон, бо вуҷуди сардиву гармӣ то дер дар интизорӣ муштарӣ меистоданд, вале он рӯз танҳо як нафараш зери борон рӯи нонҳояшро бо салафан печонида, дар торикӣ менишаст.

Бо дидани ман, ки он соат шояд танҳо нафаре будам, ки аз наздаш мегузаштам, аввал ба нонхарӣ даъватам кард ва баъдан ба зориву тавалло гузашт. Бо як нигоҳи раҳмоваре нигариста гуфт, “биё нон гир бачам”. Аввал чун маъмул ташаккур, мо нон мепазем гуфтаму гузаштан хостам, вале ... “Хайр биё аққалан 2 донаҳак гир. Имрӯз тамоман савдо надоштам. Ҳеҷ не роҳкирои писари донишҷӯямро барои субҳ кор кунам, ...”

Ва якбора шурӯъ кард қиссаи рӯзгори сахту вазнинашро, ки зани танҳо зиндагиашро бо фурӯши нон пеш мебарад, вале бо сарфа аз шикаму дигар ниёзҳояш ягона писарашро мехононад, то ҳадди аққал дар пириаш мисли имрӯз зери барфу борон, то дери шаб дар кӯча намонад. Ман ҳам дигар аз ин ки хеле дер шудааст фаромӯш карда, ба дарди дили ӯ гӯш додам.

Воқеан, офарин ба ин зан, офарин ба ҳама 8 нафар ҳамтоёни дигари ӯ, ки бовар кунед дар як кӯча қариб ду қадами дуртар аз ҳам ва ҳама нон мефурӯшанд. Чӣ ҳоле надоранд онҳо. Баъзан мебинӣ, бо ҳам мисли дугонаҳои хуб сӯҳбат ва дарди дил доранд, вале чунин ҳолатҳо хеле каманд.

Аксаран баҳсу ҷанҷоли занони нонфурӯш, тамоми кӯчаро пахш мекунад. Болои як харидор чанд нафар ҷанг мешаванд ва харидорон - сокинони биноҳои серошёнаи атрофи бозорча ҳам, ки дигар аз ин ҳоли нонфурӯшон хуб огоҳанд, бархе аз тарси мавриди “ҳамлаи” онҳо қарор гирифтан ва бархи дигар, ки намехоҳанд бо гирифтани нон аз як нафар, 7 зани дигарро ноумед созад, барои нонхарӣ бо роҳи дигар ба нонвойхона мераванд.

Бо мушоҳидаи ҳолу аҳволи ин нонфурӯшзанон ҳар бор аз худ мепурсидам, бо сарфи як рӯзи худ зери барфу борон онҳо чӣ даромаде мебинанд.

Ва ҳамин суолро ҳам аз ин зани ҳамсӯҳбатам дар поси шаб кардам, ки гуфт рӯзҳое мешавад даромаде намебинанд, баръакс нонҳояшон хушк мешаванд, аммо маҷбуранд бо умеди рӯзи дигар кор кунанд, вагарна фарзандонашон бе нони даҳон мемонанд.

Вале тайи чанд рӯзи ахир ин маҳал хеле ором ва ҷойи нонфурӯшон холӣ аст. Аммо сабаб ҳам ин нест, ки онҳо акнун корӣ беҳтаре ёфаанд ё вазъи молиашон хуб шудаасту дигар ин занони миёнсол субҳашонро дар кӯча бо нонфурӯшӣ шом намекунанд.

Балки тавре огоҳ шудам чанде пеш милисаҳо дар пайи як рейди навбатӣ онҳоро аз ин маҳал дур кардаанд. Ва акнун намедонам, ҳоло он нонфурӯшзани ҳамсӯҳбати ман, ки то дери шаб ба хотири таҳсили фарзандаш, дар ҳавои сарду боронӣ, интизори харидор менишаст, дар куҷо аст ва чӣ ҳоле дорад.

Мабод, ки аз ҳамон рӯзаш ҳам монда бошад.
XS
SM
MD
LG