Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати даҳҳо нафар дар ҳамла ва таркишҳои нави Ироқ


Даҳҳо нафар дар силсилаи тирандозӣ ва таркишҳо дар Бағдод, пойтахти Ироқ, кушта шудаанд. Дар бозори пуриздиҳоми Сувайро дар ҷанубушарқи Бағдод ду ҳамлавар худро мунфаҷир карданд ва 11 нафарро кушта, 40 тани дигарро захмӣ карданд. Ва дар маркази Бағдод як нафар ногаҳон аз силоҳи автоматӣ оташ кушода, шаш корманди полисро дар посгоҳ ба ҳалокат расонд. Бар асари таркиши дигар дар Фаллуҷа, ғарби Бағдод чаҳор нафар ҷон доданд. Як таркиши худкушонаи дигар дар Мавсул дар посгоҳи полис ду кушта ба ҷой гузошт.
XS
SM
MD
LG