Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот ҳалокати 24 нафарро дар Кӯлоб тасдиқ карданд


Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон хабар дод, ки шумораи кушташудагони обхезӣ дар минтақаи Кӯлоб афзоиш ёфта, ба 24 нафар расид ва сарнавишти 20 нафари дигар номаълум аст. Ин манбаъ мегӯяд, офат ба аҳолӣ ва иқтисодиёти шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ, Шӯробод ва Мӯъминобод хисороти зиёд ворид кард. Наздик ба 2 ҳазор манзили зист комилан ё қисман вайрон шуда, 10 мактаби миёна, чандин муассисаи беҳдоштӣ осеб дида, 34 пули мошингузар аз байн рафтаанд, чорво ва киштзорон нобуд шудаанд. Аммо хабаргузории "Авесто" хабар додааст, ки бар асари сел дар минтақаи Кӯлоб наздик ба 150 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG