Пайвандҳои дастрасӣ

Шумораи ангиштканҳои кушташудаи Русия афзоиш ёфт


Мақомоти Русия мегӯянд, шумораи кушташудагон дар ду инфиҷори метан дар яке аз бузургтарин конҳои ангишти Русия дар вилояти Кемерово, ба 30 нафар расида, сарнавишти 60 нафари дигар, ки гуфта мешавад, дар зери замин боқӣ мондаанд, номаълум аст. Вазири ҳолатҳои изтирории Русия, Сергей Шойгу гуфт, амалиёти наҷот аз сар гирифта шудааст. Қаблан, ба гуфтаи ӯ, хатари инфиҷорҳои нави гази метан вуҷуд дошт.
XS
SM
MD
LG